Боздошти 3 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки имрӯз 8-уми сентябри соли равон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ ва дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ боз 3 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардиданд. Ҳамчунин, миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 5 автомати «АКМ» ва миқдори зиёди тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.
Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кумак барои дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд.
Хотиррасон менамоем, ки касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ месупоранд, ё хабар медиҳанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
Амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оид ба безарар гардонидани аъзои гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.
Телефони боварӣ: 221-21-21, 227-98-98.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






