Чкалов: Чорабинӣ бахшида ба рӯзи китоб

Сентябрь 4, 2015 05:56

Душанбе, 04.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Чкалов бахшида ба Рӯзи китоб чорабинии идона баргузор гардид.
Тавре ки Хадамоти матбуоти  раиси вилояти Суғд хабар додааст,  аз оғози чорабинӣ адабиёти гуногун ба маърази тамошо гузошта шуд. 
Киромуддин Мухторов, муовини раиси шаҳр табрикоти раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонида, ба кормандони соҳаи фарҳанг ва китобдорону ҳаводорони китоб дар иҷрои ин рисолати пурифтихор таманниётҳо намуд.
Зимнан, дар шаҳри Чкалов 1 китобхонаи марказӣ, 1 филиал ва 4 нуқтаҳои китобдиҳӣ мавҷуд аст. Махзани китобхонаи марказии шаҳр 38 ҳазору 474 адад адабиёти соҳаҳои гуногунро фаро гирифта, дар он 9 нафар кормандон ба муштариён хизмат мерасонанд. Айни замон 2542 нафар хонандагон ба  китобхонаи мазкур расман аъзо шудаанд.

Сентябрь 4, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад