Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолият
Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ “Ховар”).-Имрӯз бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази фарҳангии ҷавонон — “Ориённо” ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид. Дар чорабинӣ устодону донишҷӯён, варзишварон ва доираи васеи ҷавонон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода дар суханрониаш ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, тавассути он миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.
Дар ҷамъомад бо тантана масъулин роҷеъ ба арзишҳои Истиқлолият ва дастовардҳои он андешаронӣ намуда, ҷавононро ба пос доштани онҳо ва пойдории Истиқлолият даъват намуданд.
Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба як қатор устодону варзишгарон, роҳбарони мактабҳои варзишӣ ва ҷавонони фаъол, ки дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон саҳм гузоштанд, Сипосномаи Кумита тақдим карда шуд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






