«Чордодарон»
«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 16.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар иртибот ба ифтихори Соли оила нашриёти «Адиб» қисмҳои якуму дуюми романи «Чордодарон»-и нависандаи соҳибзавқ Гулчеҳра Муҳаммадиеваро ба тозагӣ дар матбааи «Бебок» чоп намуд.
Романи «Чордодарон» фарогири ҳаёти муосирони мо буда, қаҳрамонони он дар ҳама шебу фарозҳои зиндагӣ нисбат ба якдигар садоқатро фаромӯш намекунанд. Муаллифи романи «Чордодарон» саъй намудааст, ки тавассути қаҳрамонҳои асар муқаддасоти оиларо ба хонанда нишон диҳад. Воқеаҳое, ки дар асар инъикос гардидаанд, таҷассумгари бевоситаи рӯзгори феълии мардуми тоҷиканд.
Асарҳои эҷодкардаи нависанда «Як шаб…»(2007), «Қасоси зан» (2008), «Бонувони Фархор», «Бӯи модар» (2011) мебошанд. Гулчеҳра Муҳаммадиева солҳои зиёд дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият намуда, алҳол мудири бахши шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аст. Мавсуф узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, барои хизматҳои шоён бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






