Д. Мезентсев ба гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи беҳтарин маҳсулоти СҲШ баҳои баланд дод
Душанбе, 25.09.2015. (АМИТ «Ховар»). Намоишгоҳи байналмилалии беҳтарин маҳсулоти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Маркази байналмилалии намоишгоҳи Сиани Хитой ба кори худ оғоз намуд.
Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳ ширкатҳои асосии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Раиси палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид муаррифӣ менамояд.
Дар лавҳаҳои намоишгоҳ маводи иттилоотӣ дар бораи гидроэнергетика, нақлиёт ва логистика, саноати мошинсозӣ, алюминий, саноати сабук, нассоҷӣ ва хӯрокӣ, маҳсулоти кишоварзӣ , маҳсулоти ниёзи мардум пешкаш гардид.
Котиби генералии СҲШ Дмитрий Мезентсев ба гӯшаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, саҳми Тоҷикистонро дар СҲШ ва баргузории ин чорабинии муҳим ситоиш намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар кори ин намоишгоҳ бузургтарин намояндагони ҷомеаи соҳибкорӣ аз 15 кишвар иштирок менамоянд.
Дар тӯли 14 соли фаъолияти СҲШ чунин намоишгоҳ аввалин бор ташкил карда шуд. Баргузории он ба рушд ва густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ва мусоидат ба рушди устувор ва босуръати ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ равона гардида буд.
Майдони умумии намоишгоҳ — 50 метри мукаабро ташкил медиҳад. Чор гӯшаи намоишӣ фаъолият менамояд, ки дар он молҳо аз кишварҳои узви СҲШ, маҳсулоти минтақаҳои воқеъ дар назди Роҳи бузурги абрешим ба намоиш гузошта шуда буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






