Дар Вазорати мудофиа бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат М.Ҷабборӣ ҷамъомад баргузор шуд
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар Вазорати мудофиаи кишвар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Марҳабо Ҷабборӣ ҷамъомади муштараки ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, роҳбарони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа, амният, мақомоти корҳои дохилӣ, масъулини мақомоти прокурорӣ, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, кормандони Вазорати тандурустӣ, сохторҳои қудратии мамлакат, комиссарони ҳарбӣ ва дигар масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват ширкат намуданд. Иштирокдорони ҷамъомад натиҷаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва умуман, даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бо далелҳои мушаххас вобаста ба монеаю мушкилоти ҷойдоштаи фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъватии шаҳру ноҳияҳо ибрози андеша карданд. Зикр шуд, ки ҳамасола новобаста аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар пешравиҳои назаррас, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи бемасъулиятиву хунукназарии баъзе аз комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо ҳамоно як зумра мушкилиҳо, аз қабили наомӯхтани шахсияти даъватшавандаҳо, дар қайди комиссариатҳои ҳарбӣ набудани баъзе аз шаҳрвандон, муоинаи нодурусти тиббӣ, сари вақт ҳозир нагардидани ҷавонон ба комиссияҳои даъватӣ ва баъзе аз кирдорҳои коррупсионӣ низ ошкор гардидаанд, ки ин гуна ашхос аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуда, нисбат ба онҳо ҷазоҳои қонунӣ татбиқ шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






