Дар вилояти Қандаҳор 28 силоҳбадасти «Толибон» кушта шуд

Сентябрь 29, 2015 05:29

Душанбе, 29.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Назар  ба  хабари  намояндагони мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ, дар ҷараёни  амалиёти  ҳарбӣ, ки  якчанд  рӯз  дар  вулусволии Шоҳваликоти  вилояти  Қандаҳори Афғонистон  сурат  гирифт,  камаш 28 силоҳбадасти  «Толибон»  кушта  шуд. 
Посдорони  тартибот  дар  ҷараёни  амалиёти  ҳарбӣ чор  нафар гумоштаҳои  толибонро ҳабс  карда,  миқдори  зиёди аслиҳаро  мусодира  намуданд. 
Тавре  ки  Агентии иттилоотии «Пажвок»  хабар  медиҳад, дар  ҷараёни  амалиёти  ҳарбӣ  сокинони  осоишта  ва  посдорони тартибот зарар  надидаанд. 

Сентябрь 29, 2015 05:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд