Дар як шабонарӯз дар Афғонистон 70 ҷангӣ маҳв карда шуд

Сентябрь 1, 2015 04:28

Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар давоми 24 соати охир дар музофотҳои  гуногуни Афғонистон амалиёти  поксозӣ  сурат гирифт. 

Бино ба маълумоти Вазорати мудофиаи  Афғонистон, аз нерӯҳои мухолифи мусаллаҳ  70 нафар нобуд ва 43 нафар маҷрӯҳ  карда шуданд. Як мухолифи мусаллаҳ боздошт гардид.

Ба сарбозони  Афғонистон муяссар шуд, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори зиёди силоҳ ва лавозимоти ҷангиро мусодира намуда, роҳро аз минаҳо тоза созанд.

Чунон, ки  оҷонсии хабарии  «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин муддат аз артиши миллии Афғонистон 8 нафар ба ҳалокат расид.

Сентябрь 1, 2015 04:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд