Дастгир шудани се ҷинояткори гурӯҳи ҳоҷӣ Ҳалим

Сентябрь 6, 2015 04:15

Душанбе, 06.09.2015, (АМИТ «Ховар»).  Тавре ки аз ВКД иттилоъ доданд, субҳи имрӯз боз се нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим аз тарафи сокинони шаҳри Ваҳдат дастгир гардида, ба дасти мақомот супорида шуданд.
Дар натиҷаи амалиёти муштараки сохторҳои қудратии мамлакат бар зидди гурӯҳи ҷинояткори ҳоҷӣ Ҳалим, ки шаби 4-уми сентябр ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми мусаллаҳона содир карда, инчунин бо истифода аз мансаби ишғолкарда  силоҳу муҳимоти ҷангиро рабуда буд, то имрӯз 35 нафар аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир ва 13 нафари онҳо безарар гардонида шуданд. 
Хотиррасон бояд кард, ки дар рафти амалиёти муштараки сохторҳои низомӣ ва қудратӣ зиёда аз 500 адад яроқу аслиҳа дарёфт ва мусодира шудааст.
Ҳоло вазъият дар шаҳри Ваҳдат ором ва таҳти назорат буда, амалиёт барои дастгир кардани ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳаммаслакони ӯ идома дорад

Сентябрь 6, 2015 04:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад