Диаспораи тоҷикони ФР: «Хиёнати ҳоҷӣ Ҳалим ниқоби наҳзатиёнро бидарид ва чеҳраи аслии онҳоро ба мардум нишон дод»
Душанбе, 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Баъди воқиф шудан аз вазъияти сиёсии дар ҶТ баамаломада, мо ҷаласаи аъзои ҷамъиятро, ки зиёда аз 4 ҳазоранд, доир намуда, масъалаи мазкурро баррасӣ намудем.
Тавре ба ҳамагон маълум ҳаст, муҳоҷирони тоҷик дар қаламрави ФР ба хотири дарёфти ризқу рӯзии хеш ва таъмини аҳли оилаашон заҳмату машаққати шабонарузӣ доранд. Дар чунин шароити ғурбат ягона чизи таскинбахшу қувватдиҳандаи қалби онҳо ин дар фазои тинҷу ороми Ватан, дар шароити амну осоиш қарор доштани аҳли оила ва хонаводаашон мебошад. Вале чун мебинем, ки имрӯзҳо баъзе хоинони миллату Ватан боз ба даст силоҳ гирифтаву ба муқобили бародарону ҳамватанони худ бархостаанд, ҳар лаҳза пеши назар ҳамон ҳодисаҳои нангину хунини солҳои 90-ум вонамуд мешавад. Ин нафарон аз қабили ҳоҷӣ Ҳалиму дигар ҳаммаслакони собиқи наҳзатиаш боз мехоҳанд, ки халқи тоҷикро ба муқобили ҳам бархезонда, миллатро ба вартаи нестӣ баранд. Аммо тавре мегӯянд: «нобино асояшро як маротиба гум мекунад» ва миллати тоҷик низ имруз дигар дӯстро аз душман ба хубӣ фарқ мекунад. Дигар ба касе пӯшида нест, ки ҳамин хиёнати узви Ҳизби наҳзати ислом ҳоҷӣ Ҳалим ахиран ниқоби наҳзатиёнро бидарид ва чеҳраи аслии онҳоро ба мардум нишон дод, ки онҳо воқеан то ба ҳол зери бағал силоҳ доштаанд.
Мо муҳоҷирони кории тоҷик нисбати тақдири имрӯзу ояндаи миллату Ватани худ бетараф набуда, аз Ҳукумат ва мақомоти қудратии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки ҳарчи зудтар аъзои ин гурӯҳи террористиро дастгир намуда, ба фаъолияти ҳизби ба ном исломӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима бахшанд.
Ғафуров Абдулмаҷид Ҳакимович,
роҳбари диаспораи тоҷикони
Ҷумҳурии Чуваши Федератсияи Россия








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






