Э.Раҳмон кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД –ро аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо самаранок арзёбӣ намуд
Душанбе,15.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Зимни брифинг бо рӯзноманигорон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кори ҷаласаи Шӯрои Амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо оид ба масъалаи муҳими вазъияти муосири байналмилалӣ, арзёбии хусусиятҳои он ва тамоюли асосии вазъ дар ҷаҳон ва минтақа самаранок арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ҷаласа суҳбати ошкоро дар бораи вазъи ҳамкорӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди Созмон доир гардид.
«Сарони давлатҳо ба таҳдидҳо ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нисбат ба давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои имконпазири муборизаи дастаҷамъӣ бо онҳо дар ояндаи наздик диққати худро равона намуданд», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сарвари Тоҷикистон зикр намуд, ки оид ба зарурати расонидани кумаки воқеӣ ба таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии минтақаи созмон, аз ҷумла ба қитъаҳои Тоҷикистону Афғонистон диққати махсус дода шуд.
«Мо як силсила чорабиниҳоро барои беҳтар намудани фаъолиятамон дар доираи СААД муайян намудем. Ин баланд бардоштани омодагии ҳарбӣ ва таҷҳизоти моддиву техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳо, зудамалии онҳо, бо ин мақсад баргузории машқҳои муштарак ва омӯзиш, густариши мубодилаи доимии иттилоот ва як зумра тадбирҳои дигар ба таҳкими иқтидори Созмон мебошанд», қайд намуд Э.Раҳмон.
Дар хотима Э.Раҳмон илова намуд, ки ба масоили густариши ҳамкорӣ миёни корхонаҳои саноатии мудофиа бояд диққати ҷиддӣ дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






