Э. Раҳмон сарони давлатҳои СААД-ро ба муттаҳиднамоии кӯшишҳо зидди таҳдиду хатарҳои минтақа даъват кард
Душанбе, 15.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД натиҷагирӣ шуд.
«Қариб дар нуҳ моҳ мо барои рушд ва таҳкими иқтидор, баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти Созмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намудем. Ин кор дар доираи Нақшаи татбиқи масъалаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта, ки моҳи декабр баргузор гардида буд ва афзалиятҳое, ки дар марҳилаи раисӣ дар СААД эълон дошта будем, ба роҳ монда шуд», — изҳор дошт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ШАД СААД.
Вобаста ба ин масъала Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар доираи ҷаласаи пӯшида вазъияте, ки дар минтақа ва ҷаҳон рух дода истодааст, муфассал ва манфиатнок мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бино ба гуфтаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз ташаннуҷи байналмилалӣ афзуда истодааст, дар ҳар кунҷи дунё зулму шиканҷа афзоиш ёфта, таҳдиду хатарҳо шакли васеъ ва муташаккилро ба худ касб карда истодаанд, ки шаҳодати истифодаи моҳиронаи қувваҳои терроризми байналмилалӣ аз имконоти ҷаҳонишавӣ мебошанд.
Ҷониби Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳамтоёнашро дар маҷмӯъ ба вазъияти кунунии минтақа, бахусус ба вазъияти Афғонистон ҷалб кард. Ҳамаи мо ба мувофиқа омадем, ки ҳодисаҳои дар он ҷо руҳдиҳанда, аз мо амалиёти мувофиқашуда ва бетаъхирро барои таъмини ҳаёти осоиштаи кишварҳо ва мардумонамон талаб мекунанд. Мутаассифона, доираи таҳдиду хатарҳо ба амнияти минтақа маҳдуд нагардида истодааст ва ҳатто шояд густариш ёбад.
Ин ҳолат ва ҳамчунин авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар ҳудуди СААД кӯшишу талошҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи қатъиро барои ҳамоҳангсозии самаранок ва татбиқи чораҳои фаврӣ баҳри тақвияти имкониятҳои ҳарбӣ- сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ҳамсархад бо Афғонистон ва роҳандозии ҳамкории иттилоотии самаранокро талаб мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






