Э. Раҳмон: «Шаҳри Турсунзода бо иқдомҳои Ҳукумати кишвар ва заҳмати сокинони он хеле ободу зебо шудааст»
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-«Мо имрӯз ба диёри мардуми заҳматқарину меҳмоннавози шаҳре, ки ба ифтихори фарзанди фарзонаи халқамон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода номгузорӣ шудааст, омадем ва аз наздик мушоҳида кардем, ки шаҳр ба туфайли ташаббусу иқдомҳои давлату Ҳукумати кишвар ва заҳмати содиқонаву софдилонаи сокинони он хеле ободу зебо шудааст»,-зикр кард Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 шаҳри Турсунзода.
Сарвари давлат дар маросими расмии ифтитоҳи мактаби навбунёд ҳамчунин гуфт, ки мактаби мазкур аз ҷумлаи иншооти ба истиқболи ҷашни 24-умин солгарди истиқлолияти Ватани маҳбубамон бунёдгардида мебошад.
«Ба ин муносибат, яъне ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ҳамаи омӯзгорону хонандагон, падару модарон ва сокинони шаҳри Турсунзодаро табрик гуфта, бовар дорам, ки шогирдони ин даргоҳи нави маърифат бо истифода аз шароити мусоиди таълимӣ барои аз худ намудани илму донишҳои замонавӣ дучанд саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода ба ҳамаи онҳо муваффақият мехоҳам.
Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки хонандагон дар оғӯши он аз рукнҳои асосии худшиносиву худогоҳии миллӣ, аз қабили дарки ҳувияти миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, одобу ахлоқи ҳамида, илму дониш ва хештаншиносиву тафаккури созанда бархурдор мегарданд»,-таъкид кард Сарвари давлат.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






