Эҳё ва барқарории номҳои ҷуғрофию таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди ватандӯст аст

Сентябрь 29, 2015 09:57

        «Яке аз масъалаҳои дорои аҳамияти муҳим  дар шинохти суннат ва арзишҳои  фарҳанги миллӣ ҳифз ва зинда сохтани номҳои  таърихию ҷуғрофӣ дониста мешавад».   
                                                                     (Эмомалӣ Раҳмон)
  

Душанбе, 29.09.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-«Ҳангоми гузоштан ва тағйир додани номҳои маҳалҳои аҳолинишини кишвар бояд  хусусиятҳои таърихӣ ва ҷуғрофии маҳалҳо ба инобат гирифта шаванд». Ин матлаб дар конфронси ҷумҳуриявӣ, ки имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» доир гардид, зикр шуд.
Ҳамоиши мазкур ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки 5 октябр таҷлил мегардад, бо ибтикори  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он намояндагони Ҳукумат, Парлумон, вазорату идораҳои кишвар, забоншиносону донишмандон, пажӯҳишгарон ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, масъулини комиссияҳои номгузории шаҳру ноҳияҳои кишвар ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои мамлакат  ширкат доштанд.
Гавҳар Шарофзода -раиси  Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи ҳамоиши  ҷумҳуриявӣ доир ба сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва арҷ гузоштан ба забони давлатӣ сухан карда, гуфт, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се сол муқаддам дар ҷашни забон таъкид карда буд, ки: «Ба таърихи  хеш воқеъбинона назар кунем. Номҳои ҷуғрофии ҳар мавзеъ ва ҳар минтақа арзишмандтарин сарвати таърих ва мероси миллии  ин сарзамин дониста мешаванд. Ин номҳо таърихи зиндаи  ин миллат буда, бештари онҳо  аз  гузаштаи дур маншаъ мегиранд».
Ҳамзамон Гавҳар Шарофзода зикр кард, ки дар кишвар «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» қабул  шудааст, ки  он дар ҳифзи асолат ва рушди забони давлатӣ нақши муассир мегузорад. Гавҳар Шарофзода афзуд, ки барои ҳифз ва барқароркунии  номҳои ҷуғрофӣ  ва роҳи дурусти корбурди  суннати номгузорӣ дар ҷомеа бисёр  мушкилиҳо садди роҳ мегарданд, ки ин оқилона  татбиқ намудани амали мазкурро тақозо мекунад. Таъкид шуд, ки ҳайати комиссияҳои номгузории  шаҳру ноҳияҳои кишвар  бояд аз ҳисоби  донишмандони таърихшиносу забоншинос ва шахсони дорои  дониши фарҳанги қадимӣ  ва мардумӣ ташкил шуда бошанд, то дар масъалаи иваз намудан ва  номгузории шаҳру  деҳот, кӯчаву хиёбон  борикбин бошанд, зеро дар чунин мавридҳо бо саҳлангорӣ метавон як номи таърихиро аз даст дод, ки он ифодакунандаи   маъно, нишона ё хусусияти хоси  ҷуғрофии  ин ё он маҳал аст. Таъкид шуд, ки ҳамин саҳлангориҳо  боис шудаанд, ки дар кишвар  бисёр номҳои  таърихӣ аз байн рафта, ҷои онҳоро  номи ашхос фаро гирифтааст. Инчунин номҳои такрори аз эътидол берун низ ҷомеаро ба ташвиш овардаанд.
Зикр гардид, ки тибқи банди 23-и боби 4-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016» Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳои  кишвар масъуланд, то таҳия ва нашри  феҳристи  номҳои ҷуғрофии кишварро  ба забони давлатӣ  таҳия ва нашр намоянд.  
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки ҳанӯз дар баъзе аз минтақаҳои кишвар номҳое вуҷуд доранд, ки  барои миллати мо бегона ва ғайрисуннатианд. Дар ин самт бояд ниҳодҳои марбутаи кишвар, хусусан  мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар ва комиссияҳои номгузорӣ диққати ҷиддӣ дода, тадбирҳои зарурӣ андешанд, зеро ҳифз ва барқарор намудани номҳои таърихию ҷуғрофӣ  чеҳраи воқеии ҳар халқу миллат мебошад. Номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон таърихи беш аз сеҳазорсола дошта, суннати номгузории мардуми тоҷикро инъикос  менамоянд.     
Мавриди зикр аст, ки бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир бисёре аз шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишини кишвар табдили ном карда, ба ҷои номҳои дағалу гӯшхарош ва туркиву русӣ ба худ номҳои хушоҳанги таърихию ҷуғрофӣ гирифтанд. Намояндаи вилояти Суғд Мавлонҷон Дадабоев дар ҳамоиш зимни гузориш зикр кард, ки дар вилояти Суғд танҳо дар зарфи се соли охир 185 деҳа тағйири ном кард, ки ин иқдом дар масъалаи эҳё ва барқароркунии номҳои таърихию ҷуғрофии кишварамон нақши назаррас мегузорад. Дар ҳамоиш ҳамзамон забоншиносону донишмандон ва намояндагони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар доир ба суннати номгузорӣ, эҳё ва барқарор намудани номҳои таърихию ҷуғрофии маҳалҳои кишвар, номвожаҳои таърихии ҷуғрофии Тоҷикистон, фарҳанги номгузорӣ дар забони тоҷикӣ, сохтор ва қолабҳои таърихии номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон, мушкилот дар номгузории маҳалҳои аҳолинишини кишвар,  рушди забони давлатӣ, ҳифзи он дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ташаккули суннати номгузорӣ дар кишвар ибрози назар намуда, пешниҳодҳои  муфид ироа сохтанд.
Баргузории конфронси мазкур дар ҳолест, ки 5 октябр мардуми Тоҷикистон  Рӯзи забони давлатиро таҷлил менамоянд. Ҳанӯз 26 сол муқаддам — соли 1989 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки тибқи он ба забони тоҷикӣ, ки яке аз муқаддасот ва рукни асосии давлатдорист,  мақоми давлатӣ дода шуд. 
     

 

Сентябрь 29, 2015 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

16 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
15 июл дар якчанд кумитаю идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
14 июл дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад