Эмомалӣ Раҳмон: «Азхудкунии илму дониш шарти асосии камолоти инсонист»
Душанбе, 18.09.2015.(АМИТ «Ховар»).-«Аҷдоди шарафманд ва фарҳангдӯсти мо мактабро ҳамеша макони муқаддас ҳисобида, азхудкунии илму донишро шарти асосии камолоти инсонӣ медонистанд. Маҳз дар натиҷаи арҷгузорӣ ба мақоми илму дониш ва саводу маърифат ҳазорон донишмандону нобиғаҳои номдор дар домани ин миллати куҳанбунёд ба камол расида, дар ганҷинаи тамаддуни башар саҳми пурарзиш гузоштаанд»,-гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 18 сентябр зимни маросими ифтитоҳи мактаби рақами 119 дар ҷамоати деҳоти Раҳмонови шаҳри Турсунзода.
Ҳар сол дар остонаи ҷашни солгарди Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ва оғози соли нави таҳсил дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар қатори ба истифода додани теъдоди зиёди иншооти таъйиноти гуногун, инчунин даҳҳо муассисаҳои нави таълимӣ ифтитоҳ гардида, барои таҳсили толибилмон тамоми шароити замонавӣ фароҳам оварда мешавад.
-Мактаби таҳсилоти умумии рақами 119 таълимгоҳи дуюми наву замонавӣ дар шаҳри Турсунзода аст, ки ифтитоҳи расмии он аз вусъати сиёсати созандаи давлату Ҳукумат ва дастгирии доимии соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолӣ дарак медиҳад,-изҳор намуд Сарвари давлат.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






