Эмомалӣ Раҳмон: Бунёди нерӯгоҳҳо ба таъмини рушди устувори на фақат Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд

Сентябрь 28, 2015 21:17

Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – «Бунёди нерӯгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ ҷиҳати таъмини рушди устувор ва боло бурдани сатҳи зиндагии на фақат мардуми Тоҷикистон, балки тамоми минтақа мусоидат менамояд». Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми сатҳи баланди кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА изҳор дошт.
Сарвари давлати Тоҷикистон илова намуд, ки дар ин росто, сохтмони пули энергетикӣ байни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (КАСА-1000), ки ба афзоиши содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба бозорҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон мусоидат менамояд, мақоми махсус касб мекунад. Шубҳае нест, ки татбиқи ин лоиҳа чун муҳаррики рушди тиҷорат хизмат карда, тавлиди  маҳсулоти саноатӣ  ва таъмини амнияти энергетикиро дар ҳар ду минтақа иҷро хоҳад кард.
«Рушди соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла бахшҳои нақлиёт ва энергетика дар Тоҷикистон метавонад ба тамоми иқтисодиёт таъсири гуногунҷанба дошта бошад. Рушди ҳамгироёнаи гидроэнергетика ва дигар намудҳои энергия имкон медиҳад, ки на танҳо самаранокии низоми энергетикӣ устувор гардад ва боло равад, балки миқдори партовҳои зарарнок, ки аз омилҳои асосии ҳалли мушкилот дар раванди тағйирёбии иқлим мебошанд, кам карда шавад. Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро дар заминаи боэътимод ва барномарезишудаи рушди ҳамгироёнаи энергияи таҷдидшаванда  ташакккул медиҳад», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон муътакид бар он аст, ки раванди сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд ва миёна, бунёди нерӯгоҳҳои калон дар асоси лоиҳаҳои дорои хусусияти минтақавӣ густариш ёфта, имконоти истифодаи энергияи офтобу бод низ мавриди татбиқ қарор гирифтаанд. Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи ин лоиҳаҳо, бо дарназардошти ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир, ба таври шаффоф амалӣ мегарданд.

 

Сентябрь 28, 2015 21:17

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ