Эмомалӣ Раҳмон: “Ман қариб дар ҳамаи мулоқоту чорабиниҳо масъалаи захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистонро таъкид менамоям”
Душанбе, 18.09.2015. (АМИТ «Ховар»). –Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо роҳбарон ва сокинони шаҳри Турсунзода 18 сентябр гуфт: “Бо истифода аз ҳузури роҳбарону фаъолони шаҳр, аҳли зиё, шахсони обрӯманду рӯзгордида, падару модарони арҷманд ва бонувону ҷавонони иззатманд мехоҳам як масъалаи ниҳоят муҳимро таъкид намоям. Ҳамаи шумо аз вазъи ҷаҳони пурмоҷаро ва пурҳаводиси имрӯза хуб огоҳ мебошед”.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки дар чунин шароит ҳар яки моро зарур аст, ки бисёр ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, хусусан фарзандони худ ва ҷавононро аз ҳар гуна қонуншиканӣ ва пайвастан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ, ки ваҳшонияти асримиёнагии онҳо имрӯз аҳли башарро ба даҳшат андохтааст, эмин нигоҳ дорем.
“Чунон ки медонед, ман қариб дар ҳамаи мулоқоту чорабиниҳо масъалаи захираи маводи ғизоӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистонро таъкид менамоям. Бо дарназардошти он, ки аз рӯи тамоми аломатҳо тирамоҳу зимистони имсола тӯлониву сард омаданаш аз эҳтимол дур нест, ман ин масъаларо дар суханронии худ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб махсус хотирнишон намудам. Ва ҳоло бори дигар ҳамаи роҳбарону масъулон ва аҳолиро огоҳ месозам, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ муносибат кунанд”, — таъкид намуд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






