Эмомалӣ Раҳмон: «Таъсиси Суди конститутсионӣ нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон аст»
Душанбе, 17.9.2015. (АМИТ «Ховар»). — Таъсиси Суди конститутсионӣ нишонаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд будани Тоҷикистон мебошад, ки мавҷудияти чунин мақом ифодаи амалии ҳадафи давлат ва миллат дар самти бунёди ҷомеаи адолатпарвар аст, — гуфт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябр зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ кафолати таъмини волоияти Конститутсия».
Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки мақомоти назорати конститутсионӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ ва судии ҳамаи давлатҳои мутамаддин мавқеи муҳим дошта, бе мавҷудияти чунин мақом дар бораи принсипи солими боздориву мувозинати байни шохаҳои ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтан бармаҳал аст.
«Дар навбати худ, бунёди ҷомеаи адолатпарварро бе ҳокимияти судии мустақил, салоҳиятдор ва дар асоси қонун ташкилшуда, алалхусус мақомоти назорати конститутсионӣ, тасаввур кардан ғайриимкон аст», — баён дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






