Фарҳанги либоспӯшӣ ва анъанаҳои поки ниёгон

Сентябрь 2, 2015 03:12

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо иштироки  муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Зулфия Давлатзода, муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Икромиддин Вализода, сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №65 Зулфия Алиева вохӯриҳо доир гардиданд.
Зимни вохӯрӣ масъулин аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуда қайд карданд, ки дар давоми солҳои Истиқлолият бо вуҷуди мушкилиҳо, бо раҳнамоии Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуда, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ оғоз ёфтанд. 
Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани кишвар, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёду кушодашавии марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими давраи Истиқлолият мебошанд, ки дар хизмати наслҳои имрӯзаву оянда қарор хоҳанд гирифт.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу-  равияҳо, фарҳанги либоспушӣ, арҷ гузоштан ба расму оин, ҳифз намудани анъанаҳои поки ниёгон мароқ зоҳир шуда, иштирокдорони вохӯрӣ аз ҷонибдорӣ ва пуштибонӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат, дӯст доштани ватан, ҳифз намудани муқаддасоти кишвари хеш фикру дархостҳои судманд пешниҳод намуданд.

 

Сентябрь 2, 2015 03:12

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад