Фаронса дар ФБД манораи назоратӣ-диспетчерӣ месозад

Сентябрь 22, 2015 05:26

Душанбе, 22.09.2015.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки Фаронса дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» манораи назоратӣ-диспечерӣ бунёд созад. Дар ин росто 22 сентябр аъзои Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласа, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса оид ба сохтмони манораи назоратӣ- диспетчерӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо муҳокима намуданд. Аъзои Шӯро ҳамзамон Ёддошти тафаҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба идомаи бозсозии нақби «Истиқлол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд

Сентябрь 22, 2015 05:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд