Фурӯши 9 000 чипта ба бозии Тоҷикистон — Австралия
Душанбе, 02.09. 2015. (АМИТ “Ховар»). Аз Федератсияи футболи мамлакат хабар расид, ки аллакай баъди ба фурӯш баромадани чиптаҳои бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон 2018 бо ширкати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия, ки соати 18-и рӯзи 8-уми сентябр дар варзишгоҳи марказии пойтахт мегузарад, 9 000 чипта фурӯхта шудааст. Варзишгоҳ 19 600 ҷои нишаст дошта чиптаҳо 20 сомонӣ арзиш доранд. Тавре Фирӯз Ҳасанов роҳбари шуъбаи маркетинг ва алоқа бо ҷомеаи ФФТ арз кард, мухлисон метавонанд ҳамарӯза аз хазинаи варзишгоҳ барои худ чипта бихаранд, то дар рӯзи бозӣ барои харидани чиптаҳо монеа эчод нашавад. Инчунин дар қисмати «сабз»-и варзишгоҳ, ки шароитхои хуби хизматрасонӣ дорад, чиптаҳо ба маблағи 100 сомонӣ фурӯхта мешаванд. Дар фарҷоми мусобиқа бозии лотерея бо бурди тӯҳфаҳо баргузор хоҳад шуд.
Бешубҳа, дидани бозии чемпионҳои феълии Осиё дар варзишгоҳи марказӣ хотирмон хоҳад буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






