Хадамоти амнияти Марокаш гурӯҳи террористони ҷонибдори «Давлати Исломӣ» — ро ҳабс карданд
Душанбе, 22.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар баённомаи Вазорати корҳои хориҷии Марокаш гуфта мешавад, ки хадамоти амнияти кишвар шаш нафар террористонеро, ки ба нақшаҳои расонидани зарари ҷиддӣ ба амнияту суботи шоҳигарӣ ҷалб шуда буданд, ҳабс карданд.
Шахсони ҳабсшуда дар шаҳрҳои Тетуан ва Бени Меллял, ҳамчунин дар ҳудуди ноҳияҳои Бени Зрантал, Тагзирт, Фум, Лаансар ва Сиди Аллал — ал — Баҳравӣ ба тахрибкорӣ машғул буданд. Маълум шуд, ки онҳо бо гурӯҳи террористии «Ҷанговарони халифати Марокаш» робита дошта, 12 сентябр сохторҳои қудратӣ фаъолонашонро ба ҳабс гирифта буданд. Ҷинояткорон дар қаламрави Марокаш амалиёти террористиро рӯи кор оварда, барои озод намудани шахсони ҷонибдори гурӯҳи ифротталаби «Давлати исломӣ» ба зиндонҳо ҳамла оварданӣ буданд.
Ба фикри таҳлилгарони маҳаллӣ, хавфи «Давлати исломӣ» барои Марокаш ҳар чи бештар мегардад. Террористон кӯшиш менамоянд, ки аъзои нав, аз ҷумла пайравони динро ба сафҳои худ ҷалб кунанд. Назар ба гуфтаи шайхи маъруфи салафиён Умар Ҳаддушӣ, алҳол беш аз ҳазор нафар фаъолони «Давлати исломӣ» дар Шоҳигарии Марокаш сукунат доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






