Идомаи ҷустуҷӯи Карим Девона
Душанбе, 08.09.2015 (АМИТ “Ховар” Ҳотами Шариф).-Китоби нави мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадии Салим бо номи «Қиссаи Карим Девона» дастраси хонандагон гардид. Муаллиф бо овардани мисолҳои аниқу мушаххаси таърихӣ тавонистааст, рӯзгори шоири халқ — Абдукарими Қурбон (Карим Девона)-ро, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум бо шеър мубориза бурдааст, тасвир намояд.
Дар ашъори шӯрангези шоири халқ- Карим Девона, ки баҳри тантанаи ҳақиқату адолат, бародарию баробарӣ ва дӯстиву рафоқат дар талош буд, зиндагии фоҷиабори сокинони водии Ҳисор дар охири асри XIX ва аввали асри XX образноку хотирмон инъикос ёфтааст. Ҳикояҳои ҷолиб, шеърҳои худи Карим Девона китобро хеле хонданбоб намудаанд. Муҳарририи китобро Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ба ӯҳда доштааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






