Ифтитоҳи мактаби нави замонавӣ дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 07.09.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 100 — ро ба истифода дод.
Мактаби мазкур баъди навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Корҳои навсозӣ 11 марти соли 2015-ум оғоз гардида, 17 августи соли 2015 ба анҷом расид ва барои сохтмону таҷҳизонидани мактаб 11 миллиону 739 ҳазору 230 сомонӣ маблағ сарф шудааст.
Мактаби дуошёна барои 1480 ҷой дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 33 сифнхона, 2 толори навбунёди варзишӣ бо 420 ҷойи нишаст иборат мебошад.
Тавре иттилоъ доданд, баъди пурра ба истифода додани мактаб беш аз 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Фармоишгар — Муассисаи давлатии раёсати сохтмони асосии ҳукумати шаҳри Душанбе, Лоиҳакаш — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи САНИИОСП ва пудратчии асосӣ — Ҷамъияти Дорои Масъулияташ Маҳдуди Саимо мебошад.
Зимни шиносоӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои барҳавову замонавӣ бо шароити таълим аз наздик шинос шуда, бо хонандагон суҳбати самимӣ доир намуд.
Дар рафти шиносоӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти синфхонаи назорати интерактивии ҷамъиятӣ, ки ҳамзамон ба низоми ягонаи идоракунӣ дар соҳаи маориф пайваст аст, шинос шуд.
Ин нуқтаи идоракунӣ, ки маркази махсуси иттилоотӣ мебошад, пурра бо системаи ягонаи идоракунии соҳаи маориф пайваст буда, ҷараёни дарс, рафтори толибилмон ва иртиботи пайвастаи волидайнро бо ин муассисаи таълимӣ таъмин менамояд, ки мутобиқ ба низоми муосир бо охирин техникаи рақамӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Баъди ифтитоҳи бинои мактаб дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳияи Шоҳмансур суханронӣ карда, оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳи таълиму тарбия, ҷалби фарзандон ба таҳсил андешаронӣ намуд.
Сарвари давлат ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ шумораи мактабҳои типи нав афзоиш меёбад. Ин имкон медиҳад, ки шароити таълиму тадрис беҳтар гардида, волидон аз рафти донишомӯзии фарзандон огоҳ мегарданд.
Устодону хонандагон дар навбати худ ба Сарвари давлат барои дастгирии ҳамаҷониба ва ғамхориҳои падарона изҳори сипосу қадрдонӣ карданд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






