Ифтитоҳи муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рўдакӣ бо иштироки муовини Сарвазир

Сентябрь 1, 2015 08:21

Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар маросими мавриди истифода қарор додани муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рўдакӣ иштирок кард.
Бунёди  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии №179 дар ин деҳаи ноҳияи Рўдакӣ  соли  2012  дар  доираи  таъмини  иҷрои  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  вобаста  ба рушди  бемайлони  соҳаи   маориф  дар  мамлакат   шурӯъ   гардида,   барои  640   нафар  хонанда  пешбинӣ  шудааст. Мактаби  нав аз чор бино ва 26 синфхонаи таълимӣ  иборат буда бо лавозимот ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин мебошад.
Дар    рўзи  аввали  мавриди  истифода қарор гирифтани бинои нави мактаб  муовини Сарвазири мамлакат дар якҷоягӣ бо ҳайати омўзгорон ва хонандагон дар  тамошои дарси сулҳ, ки аз Ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Донишгоҳи  Давлатии  Кўлоб  ба  номи  Абўабдуллоҳ  Рўдакӣ гузаронида шуда, тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат мустақиман  пешкаш гардид,  иштирок кард.

 

Сентябрь 1, 2015 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад