Ифтитоҳи муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Рўдакӣ бо иштироки муовини Сарвазир
Душанбе, 01.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ дар маросими мавриди истифода қарор додани муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Теппаи Самарқандии ноҳияи Рўдакӣ иштирок кард.
Бунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №179 дар ин деҳаи ноҳияи Рўдакӣ соли 2012 дар доираи таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба рушди бемайлони соҳаи маориф дар мамлакат шурӯъ гардида, барои 640 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Мактаби нав аз чор бино ва 26 синфхонаи таълимӣ иборат буда бо лавозимот ва таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин мебошад.
Дар рўзи аввали мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави мактаб муовини Сарвазири мамлакат дар якҷоягӣ бо ҳайати омўзгорон ва хонандагон дар тамошои дарси сулҳ, ки аз Ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни Донишгоҳи Давлатии Кўлоб ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакӣ гузаронида шуда, тавассути шабакаҳои телевизионии мамлакат мустақиман пешкаш гардид, иштирок кард.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






