Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бо иттиҳоми «хиёнат» нисбат ба Назарзода ва Умаров
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Абдуҳалим Назарзода ва Ҷунайдулло Умаров парвандаи ҷиноӣ боз кард. Нисбат ба ин ду нафар бо моддаҳои 305 – «хиёнат ба давлат», 307 (2) – «ташкили иттиҳоди экстремистӣ», 309 – «тахрибкорӣ» ва 179 – «терроризм»-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз шудааст. Ёдовар мешавем, ки 4-уми сентябри соли 2015, соати 04:28-дақиқа аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, инчунин дастгоҳи марказии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷуми мусаллаҳона доир гардид. Дар натиҷа миқдори зиёди силоҳу муҳиммоти ҷангӣ аз ҷониби ин дастаи террористӣ тасарруф ва рабуда шуд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби сохторҳои қудратии мамлакат муаяйн гардид, ки дастаи террористӣ аз тарафи генерал-майор Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон, ки тибқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27-уми июни соли 1997 ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, дар асоси нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда ва маслиҳати қаблӣ бо ҳаммаслаконаш роҳандозӣ гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






