Имрӯз сарони давлатҳои СААД вориди Душанбе мешаванд

Сентябрь 14, 2015 03:40

Душанбе, 14.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи якуми рӯз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ ва барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.
Интизор меравад, ки пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҷараён мегирад, 6 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.
Муҳимтарин санад Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон аст, ки муносиботи ду кишварро ба сатҳи сифатан баланд хоҳад баровард.
5 санади дигар доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, ҳимояи техникии иттилоот, муҳоҷирати корӣ ва ҳифзи ҳуқуқишаҳрвандони ҳамдигар ва  Барномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2016-2017 мебошанд. 
Нимаи дуюми рӯз ташрифи сарони дигар давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, барои иштирок дар ин ҳамоиш, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз меёбад.
Дар назар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар яке аз сарони давлатҳо мулоқотҳои дуҷониба низ анҷом диҳад.
Хотиррасон менамоем, ки барои иштирок дар ин ҳамоиш ғайр аз Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ низ ташриф меорад, сарони давлатҳои Арманистон Серж Саргисян, Белорус Александр Лукашенко, Федератсияи Русия Владимир Путин ва Қирғизистон Алмазбек Атамбоев вориди шаҳри Душанбе мешаванд. 

Сентябрь 14, 2015 03:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад