Имзои созишномаи нав миёни бонкҳои Тоҷикистону Чин – такони тоза ба ҳамкории молиявии ду кишвар
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Раиси Бонки мардумии Ҷумҳурии мардумии Чин Жоу Сиаочуан баргузор шуд.
Дар оғози мулоқот Сарвазири мамлакат ба ҷониби Ҷумҳурии мардумии Чин барои кумакҳои молиявию техникӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда таъкид бар он дошт, ки робитаҳои дуҷонибаи ду давлати ҳамсоя дар партави сиёсати бобарори роҳбарияти сатҳи олии ҳар ду кишвар торафт беҳтару хубтар гардида, соҳаҳои гуногун ва мавриди таваҷҷуҳи бештарро фарогир мешаванд .
Бо қаноатмандӣ, таъкид гардид, ки имзои созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Ҷумҳурии мардумии Чин «СВОП», ки дар рўзи сеюми сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст қадами устувору боварибахши зиддибўҳронии ҷонибҳо дар марҳилаи афзоиши таъсири рўзафзуни бўҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба иқтисодиёти ду давлати дўсту ҳамсоя ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо ҳамчунин дар мулоқот доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду молия, асъор ва низоми бонкӣ табодули афкор намуда, барои тақвияти муносибатҳои молиявию сармоягузорӣ дар доираи Хазинаи «Роҳи абрешим», ки аз ҷониби Бонки мардумӣ ва дигар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии мардумии Чин таъсис дода шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






