Иштироки И. Сатторов дар Форуми X –уми байналмилалии саноатӣ ва иқтисодии «ангуштарини тиллоӣ»
Душанбе. 10.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов бо даъвати губернатори вилояти Иваново дар Форуми X –уми байналмилалии саноатӣ ва иқтисодии «ангуштарини тиллоӣ» дар шаҳри Плес иштирок намуд.
Зимни форум, роҳбари сафорат дар бораи самтҳои ояндадори ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон бо минтақаҳои Русия суханронӣ намуд.
Мақсади асосии форум, ки намояндагони минтақаҳои Русия, ҳамчунин Тоҷикистон, Беларус, Олмон, Итолиё, Қазоқистон ва Туркия дар он иштирок доштанд, табодули таҷриба ва технология дар саноати бофандагӣ, дӯзандагӣ, мӯд ва дизайн буд.
Дар чаҳорчӯби чорабинӣ вохӯрии И. Сатторов бо губернатори вилояти Иваново Павел Конков баргузор гардид, ки зимни он муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва вилояти Иваново, масоили иқомат ва бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Сафири Тоҷикистон ҳамчунин ба хонаи миллатҳои Иваново ташриф овард, ки як рӯз пеш дар он намоишгоҳи наққошиҳои рассомони тоҷик ва қазоқ “Шеъри Шарқ дар тасвир ва графика . Қазоқистон — Тоҷикистон — асри XX “ ифтитоҳ ёфта буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






