Иштироки С. Аслов дар Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон
Душанбе, 05.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — 4 сентябри соли 2015 дар шаҳри Кобул Конфронси шашуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-VI) зери унвони “Шоҳроҳи абрешим аз қаламрави Афғонистон” баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов ширкат намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Конфронси мазкур ба масъалаҳои марбут ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои тавсеаи зербинои иқтисодии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, хатҳои интиқоли барқ ва газ, ба таълим фаро гирифтани мутахассисони афғон дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, инчунин раванди татбиқи натиҷаҳои Конфронси панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки дар соли 2012 дар ш. Душанбе баргузор гардида буд, тамаркуз кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






