Изҳороти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров
Душанбе, 08.09.2015. (АМИТ “Ховар”). — Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Б.Ғафуров, фаъолон, пайравон ва ҷонибдорони он амалӣ ноҷавонмардона ва хиёнаткоронаи собиқ муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода ва зархаридони ӯро сахт маҳкум менамояд. Дар арафаи иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастани ин амали номатлуб шояд бо мақсади доғдор кардани номи неки Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил шуда бошад. Аммо ҳар як шаҳрванди бонангу номус, меҳанпарасту ватандор, ифтихори миллидошта намегузорад, ки обрӯву эътибори давлатамон дар арсаи ҷаҳонӣ паст гардад. Баръакс мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ин гуна ашхоси дасту дили нопок ошта ба мақсадҳои ғаразноки хеш нарасанд.
Ҳар як фарди худогоҳи миллатро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ, соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош варзанд.
Ҳизбиёни ноҳияи Б.Ғафуров итминони комил доранд, ки халқи тоҷик, ки пойдории ваҳдати миллиро мароми хеш қарор додааст, намегузорад, ки сулҳи пойдору бебозгашти Тоҷикистони азизи мо халалдор гардад. Дар урфият мегӯянд, ки аз душмани беруна дида, душмани дохила, ки хиёнаткори миллат ба ҳисоб меравад, хатарноктар аст. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри рушди устувори иқтисодии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум ҷидду ҷаҳд намоем.
Ба ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам,
Умедам, орзуям, ифтихорам Тоҷикистонам.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






