Изҳороти занону модарони Суғдзамин вобаста ба амали хиёнаткоронаи Назарзода Абдуҳалим

Сентябрь 11, 2015 11:38

Занону модарони Суғдзамин аз амали террористие, ки санаҳои 4 ва 5 сентябри соли равон рухдод, хеле мутаассир буда, ин кирдори хоинонаи Назарзода Абдуҳалимро, ки боиси марги чандин ҷавонмардон ва ятим гардидани кўдакон гардидааст, маҳкум менамояд. 
Ин гуна ашхос рушду пешрафт ва ободии кишвари соҳибистиқлоламонро чашми дидан надоранд, мақсаду ниятҳояшон нопок аст, аммо мардуми огоҳу бедори тоҷик, ки рўзҳои сахтро аз сар гузаронидааст, ҳаргиз фирефтаи амалҳои сўзандаи онҳо намегардад, ба қадри сулҳу ваҳдат мерасад ва ҳамеша оромию осудагӣ ва сиёсати сулҳовару созандаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ мекунад.
Мардуми Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз ин диёр, пойдории сулҳу ваҳдат ва аз дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хосса, Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу шукргузорӣ менамояд.
Сулҳ асоси ободии ҳар кишвар ва манбаи хушбахтии мардуми сарзамини мо мебошад. Ин аст, ки ҳастию пояндагии сулҳ на танҳо дар ҳастии давлату миллат, балки дар ҳастии ҳар як гулу гиёҳ ва тамоми ҷисмҳои зинда қувваи олам эҳсос мешавад. 
Воқеан сулҳ амниятест, ки чун дар мавриди хоб будани тифлакон модар дар истироҳат асту изтироб надорад, дар мавриди сулҳу осоиштагӣ низ давлат орому осоишта арзи ҳастӣ менамояд. Аз дарду ранҷ ва фитнаву дасисаҳо канора мегирад. Пас, сулҳу осоиштагӣ ва фароғати давлату миллат худ аз худ ба осонӣ ба даст намеояд.
Мо, занон ва модарони Суғдзамин изҳор менамоем, ки ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ҳифзи Ватанамон ҷаҳду талош намоем ва нагузорем, ки нохалафе Тоҷикистони азизамонро ноором сохта, ашки чашми модарони тоҷикро бирезад. 
Вазифаи ҳар яки мо занону модарон аз он иборат аст, ки насли наврасро аз таъсири манфиву хатарноки ҳар гуна равияву ҳаракатҳои бегона эмин нигоҳ дорем, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, ифтихор аз арзишҳову фарҳанги миллӣ тарбия намоем.
Ин аст рисолати асосии  модари тоҷик, давлат ва ҷомеа! 

Бо арзи эҳтиром, занону модарони вилояти Суғд.

Сентябрь 11, 2015 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!