«Кавкабони қутбнамои Панҷекат»-ҳикоятгари зиндагӣ ва фаъолияти занони Панҷакент
Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Китоби журналист Гулбаҳор Худойбердиева бо номи «Кавкабони қутбнамои Панҷекат» аз чоп баромад.
Китоби мазкур хонандаро бо фаъолият ва зиндагии занони зодаи Панҷакенти бостонӣ шинос менамояд.
Муаллифи китоб муътақид бар он аст, ки занони шаҳри Панҷакент бо корномаи меҳнатии худ мисли дигар занони ҷумҳурӣ обрӯю нуфузи хосса дошта, зикри корномаи онҳо ба шакли як китоб қатрае аз баҳр барои ҷоннисориҳои онҳо баҳри ободии Ватан-Модар мебошад.
Гулбаҳор Худойбердиева мегӯяд, ки суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар васфи зан-модар ҳамеша илҳомбахши ӯ буда, дар таълифи ин китоб низ таъсири амиқ доранд. Аз ҷумла, Президенти кишвар таъкид медорад: «Мо бояд шукргузори замони осоишта бошем, ки дар ин давра Зан-Модар бори дигар дар ҷамъияти мо ба мақому манзалати воқеӣ молик гардид, ӯро ҳамчун ходими намоёни давлат, роҳбару роҳнамои мардум, муҳандиси номдор, табибу омӯзгори маъруф, коргари ҳунарманду деҳқони асил шинохтанд».
Китоби мазкур иқдоми нахустин дар ҷодаи зиндагӣ ва фаъолияти занони зодаи Панҷакент буда, армуғонест ба истиқболи ҷашни давлатии 25-солагии Истиқлолият ва 5500-солагии Панҷакенти бостонӣ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






