Конфронси 25-уми байналмилалии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ оид ба мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ дар Корея
Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). -22 сентябри соли 2015 дар шаҳри Чеҷуи Ҷумҳурии Корея конфронси 25-уми байналмилалии роҳбарони идораҳои зиддимухаддиротӣ оид ба мустаҳкам намудани ҳамкории байналмилалӣ (ADLOMICO) оғоз гардид, ки дар кори он роҳбарони сохторҳои зиддимухаддиротӣ аз 27 кишвар ва 8 созмони байналмилалӣ иштирок намуданд.
Дар маросими кушодашавии конфронс директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иштирок намуд. Баъдан дар ҳузури иштирокчиёни конфронс Созишномаи ҳусни тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқобилат ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккил байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея ба имзо расид.
Худи ҳамон рӯз вохӯрии директори агентӣ Р. Назарзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Корея ва роҳбари Департамент оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккили Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва рушди минбаъдаи он муҳокима гардиданд.
23 сентябр муаррифинома (презентатсия) оид ба вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, тадбирҳои андешида ва ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, рушди ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон пешкаш гардид, ки мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиёни конфронс гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии АНМН, конфронс 24 сентябр кори худро ба анҷом мерасонад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






