Корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром” иштирок мекунанд
Душанбе, 22.09.2015 (АМИТ “Ховар”).-Ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 22-юм то 25-уми сентябр дар бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия — намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон, корхонаҳои Тоҷикистон барои панҷумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии маркази мазкур меҳмони намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд.
Ёдрас мешавем, ки 5 сол мешавад 21 корхона аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иштирок мекунанд. Имсол дар ин намоишгоҳ корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии «Ваҳдат», “Мафтуна”, “Нассоҷии Хуҷанд”, «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», «Раҳимов А.А.» ва «Тента Кӯлоб» имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд.
Намоишгоҳ аз 11 гӯшаи махсус иборат буда, дар онҳо матоъ, либосворӣ, маҳсулоти бофандагӣ, либоси зер, ҷӯробҳо, маҳсулоти кӯдакона, маҳсулот барои хона, маҳсулоти пӯстӣ, таҷҳизот, маҳсулоти хом, маҳсулоти нассоҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Ҳайати Тоҷикистон аз намоишгоҳ бо ҳадафи шиносоӣ бо ҳамкорони эҳтимолии тиҷоратӣ ва фанновариҳои замонавию маҳсулоти навин дидан хоҳад кард.
“Текстиллегпром”, ки ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






