«Корвони китоб- 2015» ба вилояти Суғд меравад

Сентябрь 30, 2015 04:37

Душанбе, 30.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-  Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006- 2015» соли нуҳум аст, ки тавассути КВДТС «Китоб» Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар қаламрави кишвар роҳандозӣ мешавад.
 «Корвони китоб»- и имсола аз солҳои пеш бо он тафовут дорад, ки имсол роҳбарияти Вазорати фарҳанги кишвар муассисаҳои нашриявии тобеи вазорат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва муаллифони алоҳидаро барои ширкат дар ин чорабинии фарҳангӣ ҷалб намуда, китобҳоеро, ки дар доираи маблағҳои давлатӣ ба табъ расида буданд, барои ба таври ройгон дар ихтиёри китобхонаҳо гузоштан ба фонди «Корвони китоб» шомил намуд. 
«Корвони китоб- 2015» ибтидои моҳи сентябри соли равон ба ВМКБ сафар намуд. Ибтидо дар ноҳияи Дарвоз, дар Қасри фарҳанг, ки тозабунёд ва хеле зебост, бо ибтикори директори Китобхонаи марказии ноҳия Рӯзигул Саидамирова вохӯрии масъулини ин чорабинии фарҳангӣ бо сокинони ноҳия, аз ҷумла мактаббачагон ва сарбозон- сарҳадчиён баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки  «Корвони китоб- 2015» 1- уми отиябри соли 2015  ба  вилояти Суғд ба сафар  мебарояд.  Сафар як ҳафта идома ёфта, дар он баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр ва нишасту вохӯриҳо бо хонандагон бо ширкати аҳли қалами вилоят дар назар дошта шудааст.

 

Сентябрь 30, 2015 04:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд