Кумитаи иҷроияи СЗМ СҲШ Тоҷикистонро дар муборизаи зидди гурӯҳи террористии Назарзода дастгирӣ мекунад
Душанбе, 22.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар оғози моҳи сентябри соли 2015 гурӯҳи террористӣ бо роҳбарии собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муташанниҷ гардонидани вазъияти кишвар ба иншоотҳои стратегӣ якчанд ҳамла овард, ки дар ҷараёни онҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳалок шуданд.
Тавре ки дафтари матбуоти сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай хабар медиҳад, мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон бо ҷалби қувваю воситаҳои мавҷуда амалиёти васеи зиддитеррористиро рӯи кор овард, ки он 16 сентябри соли 2015 бо нест намудани роҳбару аъзои гурӯҳи террористӣ анҷом ёфт.
Кумитаи иҷроияи сохтори зиддитеррористии минтақавии Созмони ҳамкории Шанхай пуштибонии худро аз чорабиниҳои зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ба манзури ҳимояи сулҳу суботи кишвар иброз дошта, итминон медиҳад, ки мутобиқсозии фаъолияти мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхайро дар муборизаи зидди «се офат» — терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ вусъат хоҳад бахшид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






