Лигаи миллии футбол: Панҷшер ва Кӯктош дар садри ҷадвали мусобиқот

Сентябрь 2, 2015 08:48

Душанбе, 02.09. 2015. (АМИТ “Ховар»). Даври 11 -уми бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон дар  миёни дастаҳои лигаи якум ба анҷом расид. Дастаҳои Панҷшери Румӣ ва Кӯктоши Рӯдакӣ бо 24 имтиёз пешсаф мебошанд. Дар даври дувоздаҳум, ки рӯзи 6 сентябр барпо мегардад,  маҳз натиҷаи бозии ин дастаҳо дар ноҳияи Румӣ ба ҷойивазкунии дастаҳо бе таъсир нахоҳад монд. Дар даври 11-ум Кӯктош дар майдони худ бар Помир бо натиҷаи 3 бар 0 ғолиб омад. Ба дастаҳои Ҳосилот, Эсхата ва Саройкамар муяссар шуд, ки дар сафар дастаҳои Ҳулбук, Канд ва Зарафшонро бо натиичаи 3:1, 5:1 ва 3:1 мағлуб намоянд. Байни нишонзанҳо  Ҳусейн Ҷалолов бо 16 тӯб пешсаф аст.  

 

Сентябрь 2, 2015 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш