Лигаи миллии футбол: Панҷшер ва Кӯктош дар садри ҷадвали мусобиқот
Душанбе, 02.09. 2015. (АМИТ “Ховар»). Даври 11 -уми бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон дар миёни дастаҳои лигаи якум ба анҷом расид. Дастаҳои Панҷшери Румӣ ва Кӯктоши Рӯдакӣ бо 24 имтиёз пешсаф мебошанд. Дар даври дувоздаҳум, ки рӯзи 6 сентябр барпо мегардад, маҳз натиҷаи бозии ин дастаҳо дар ноҳияи Румӣ ба ҷойивазкунии дастаҳо бе таъсир нахоҳад монд. Дар даври 11-ум Кӯктош дар майдони худ бар Помир бо натиҷаи 3 бар 0 ғолиб омад. Ба дастаҳои Ҳосилот, Эсхата ва Саройкамар муяссар шуд, ки дар сафар дастаҳои Ҳулбук, Канд ва Зарафшонро бо натиичаи 3:1, 5:1 ва 3:1 мағлуб намоянд. Байни нишонзанҳо Ҳусейн Ҷалолов бо 16 тӯб пешсаф аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






