Лутфулло Саидмуродов: «Шарти асосии иҷрои Консепсияи рушди иқтисодии Тоҷикистон то соли 2050 амнияту оромии ҷомеа мебошад»

Сентябрь 18, 2015 10:48

Душанбе, 18.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Имрӯзҳо дар маҳфилҳои гуногун сокинони мамлакат амали ҷинояткоронаи хоини Ватан собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзодаро маҳкум карда, дар хусуси роҳ надодан ба чунин ҷиноятҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён мекунанд. Оид ба ҳодисаҳое, ки бар зидди оромиву осудагии ҷомеа равона шудаанд, эҳтимоли пайомаду оқибатҳои ногувори он директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Лутфулло Сайдмуродов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳои худро чунин изҳор кард: «Дар кадом кишваре, ки вазъи сиёсӣ ноором бошад, ҳатман дар он кишвар вазъи иқтисодӣ низ ба пайомадҳои манфӣ дучор мешавад. Барои мисол танҳо дар солҳои 1992-1997, бар асари нооромиҳои баамаломада ва ҷанги шаҳрвандӣ истеҳсоли маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 70 фоиз паст шуд. Дар ҳамон давра бештар аз 12 фоизи аҳолии аз нуқтаи назари иқтисодӣ фаъол, бекор монданд. Иқтисодиёт хусусияти хосе дорад, ки муътадил кардани вазъи иқтисодиро тавассути барномаҳои кутоҳмуддат ё миёнамуҳлат роҳандозӣ карда метавонад, вале таъсири нооромиҳо ва муқобилиятҳои мусаллаҳона ба иқтисодиёт муддати дуру дароз боқӣ мемонад. То ҳоло иқтисодиёти Тоҷикистон аз таъсири оқибатҳои ногувори ҷанги шаҳрвандӣ ба пуррагӣ озод нашудааст, то ҳоло дар баъзе бахшҳои иқтисодиёт таъсири манфии ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта  эҳсос карда мешавад. Бинобар ҳамин ман аз номи олимони соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон ҳодисаҳои хунине, ки ибтидои моҳи сентябри соли равон ба вуқӯъ пайвастанд маҳкум мекунам ва аз шаҳрвандону фаъолони ҷомеа даъват мекунам, ки барои таъмин будани суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ бетараф набошанд. Худатон қазоват кунед, ҳамагӣ дар давоми даҳ рӯзе, ки ҳодисаҳои хунин сурат гирифтанд, аллакай дар минтақаҳои Ваҳдат, Файзобод ва Рашт тағйирёбии нархҳо мушоҳида карда шуд. Нархи молҳои ниёзи мардум дар ин давра ва дар ин минтақаҳо нисбатан қиммат шуданд. Илова ба ин барои муътадил гардонидани вазъият чӣ қадар хароҷот карда шуд. Баъзе автомошинаҳои боркаш дар ин рӯзҳо ба воситаи Қурғонтеппа маҳсулоти худро ворид карданд. Оқибатҳои ногувори ин ҳодисаҳо ва талафоти иқтисодии он бояд ба назар гирифта шаванд. Мардуми Тоҷикистон бояд дарк кунанд, ки ноором шудани вазъияти сиёсӣ пеш аз ҳама ба ноустувор шудани вазъи иқтисодӣ оварда мерасонад. Вазъи сиёсиро метавон барқарор кард, лекин аз нуқтаи назари иқтисодӣ солҳо даркор мешавад, ки вазъият ва нишондодҳои иқтисодӣ барқарор карда шавад. Мо дар Институти иқтисодӣ таъсири манфии ҳодисаи моҳи сентябрро мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Бояд гуфт, ки бар асари омилҳои иқтисодии берунӣ омилҳои берунӣ рушди иқтисодиёт аллакай аз 6 то 7 фоиз паст гардидааст ва моро мебояд суботу амнияти ҷомеаро ҳифз намоем, то ин зарари ноамниву нооромиҳо ба иқтисодиёти кишвар нарасад.
Дар охир ҳаминро хотиррасон мекунам, ки бо супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимони иқтисодшиноси кишвар ба таҳияи Консепсияи рушди иқтисодии Тоҷикистон то соли 2050 оғоз карданд, ҳамчунин имрӯзҳо барномаи Стратегияи рушди кишвар то соли 2030 ва Стратегияи миёнамуҳлати рушди кишвар дар давраи солҳои 2016-2020 омода шудаанд. Ғояи асосии ин Консепсияи рушди иқтисодии Тоҷикистон шукуфоии Ватану миллат буда, шарти асосии иҷрои он сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллату ҳукумат мебошад».

 

Сентябрь 18, 2015 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид