М. Ҷабборӣ калиди хонаҳои навбунёдро дар Данғара ба соҳибонашон тақдим кард
Душанбе, 21.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Марҳабо Ҷабборӣ, муовини Сарвазири ҷумҳурӣ дар ноҳияи Данғара калиди хонаҳои навбунёдро ба сокинони ноҳияи Дарвоз, ки бар асари офати табиӣ хонаҳояшонро хароб гардиданд, супорид.
Хотирнишон мекунем, ки аз сабаби дар минтақаи хавфнок ҷойгир будани манзилҳои истиқоматӣ як гурӯҳ сокинони ноҳияи Дарвоз дархост намуда буданд, ки ба онҳо аз ноҳияи Данғара замин барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо шавад. Барои ин оилаҳо дар деҳаи навбунёди Чорсадаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, дар муддати кӯтоҳтарин манзилҳои истиқоматӣ бо тамоми шароити зист омода гардиданд. Мувофиқи дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз муовини Сарвазири мамлакат Марҳабо Ҷабборӣ ба 9 оилаи ноҳияи Дарвоз дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаҳои навро супорид.
Ҳамзамон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ зимни сафари корӣ аз фаъолияти Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ва Донишгоҳи давлатии Данғара боздид ба амал оварда, бо ҳайати кормандони соҳаи тандурустӣ ва омӯзгорон мулоқот намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






