Мақомоти Афғонистон: Ба зудӣ террористонро аз Қундуз берун мекунем
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти Афғонистон иттилоъ, додаанд ки барои бозпас гирифтани шаҳри Кундуз аз дасти Толибон садҳо сарбоз ба фурудгоҳ ва чанд иншооти дигари шаҳр фиристода шуда, ба зудӣ террористонро ба таври комил аз Қундуз берун хоҳанд кард.
Ба иттилои хабаргузории «Тулӯъ» Толибон рӯзи душанбе аз се тараф ба шаҳри Кундуз ҳамла карда, чандин бахши ин шаҳрро ба тасарруфи худ дароварданд. Расонаҳои Афғонистон иттилоъ медиҳанд, ки террористон иншооти мухталиферо дар Қундуз ба оташ кашида ва хонаҳову дороии мардумро ғорат кардаанд.
Гуфта мешавад ҳамлаҳои террористон соати сеи субҳи рӯзи гузашта оғоз шуда, шӯришчиён ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди неруҳои мусаллаҳ ва фирори сокинони маҳал чор дарвозаи шаҳрро бастаанд. Ҳамчунин террористони гурӯҳи Толибон назорати зиндони маҳалиро ба даст гирифта ва ҳамаи зиндониёнро озод кардаанд.
Дар ҳамин ҳол неруҳои кумакрасон низ аз Кобул ба вилояти Қундуз расидаву ҷо ба ҷо шудаанд ва мунтазири фармон барои поксозии шаҳр аз террористон ҳастанд.
Шоми рӯзи душанбе масъулони Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати амнияти миллии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ таъкид карданд, ки амниятро ба Қундуз боз бармегардонанд.
Фармондеҳи неруҳои заминии Артиши Афғонистон генерал Муродалӣ Мурод низ гуфтааст, вазъияти пешомада дар Қундуз барои мо қобили таҳаммул нест ва мо суботи ин шаҳрро барқарор менамоем.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






