Маҳви 20 роҳбари аршади гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» дар Ироқ
Душанбе, 22.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи як амалиёти неруҳои низомии Ироқ дар вилояти Анбор 20 роҳбари аршади гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» маҳв карда шуданд.
Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, амалиёт 23 километр дуртар аз қисми шарқии шаҳри Рамоди сурат гирифта, дар ҷараёни он чанд қароргоҳи ҷангиён хароб ва аз силоҳбадастон ба миқдори зиёд аслиҳа дарёфт ва мусодира карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки задухӯрдҳои мусаллаҳона миёни неруҳои давлатӣ ва ҷангиён дар аксар манотиқи Ироқ идома доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






