Машғулиятҳои назариявӣ дар Донишкадаи ҳарбӣ

Сентябрь 23, 2015 05:00

Душанбе, 23.09.2015, (АМИТ «Ховар»). — Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки вазири мудофиаи ҶТ Шералӣ Мирзо машғулиятҳои таълимӣ бо омӯзиши мавзӯъҳои гуногуни соҳавӣ баргузор шуданд. Дар машғулиятҳо афсарони масъули Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба омодагии сафарбарӣ, қарори дахлдор қабул намудан ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ, самаранок истифода намудани захираҳои эҳтиётӣ, аз қабили ҳайати шахсӣ, техникаҳои хоҷагии халқ, сафарбарии онҳо ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳимояи ҳудудиро, ки дар сурати хатарҳои эҳтимолӣ ба миён меоянд, мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар даври ниҳоии машғулиятҳо иштирокчиёни он аз рӯи мавзӯъҳои муайяншуда санҷиш супурданд.

Сентябрь 23, 2015 05:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид