Машварати Шӯрои роҳбарони мақомоти назорати молиявии СҲИ дар Душанбе
Душанбе, 21.09.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз машварати ХХ Шӯрои роҳбарони мақомоти олии назорати молиявии давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе ба кораш шурӯъ мекунад.
Тавре ки дар ВКХ ҶТ хабар доданд, ҳайатҳои давлатҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои иштирок дар машварат ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ — ташкилоти байнидавлатии иқтисодии минтақавӣ ба шумор рафта, онро соли 1985 кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик таъсис дода буданд. Созмони мазкур вориси ҳуқуқии Созмони ҳамкории минтақавӣ барои рушду тақвият маҳсуб ёфта, дар ҳошияи Низомномаи Шартномаи Измир, ки онро 12 марти соли 1977 се кишвари муассис — Эрон, Покистон ва Туркия таъсис дода буданд, фаъолият мекунад.
То оғози соли 1992 фаъолият дар ҳошияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ асосан хусусияти дуҷониба дошт. Созмони мазкур бинобар ба он ихтиёрона шомил шудани 7 давлати нав аз қабили Тоҷикистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон фаъолияташро басо рушду тақвият бахшид. Соли 1995 дар иҷлосияи 50 — уми Маҷмаи Асосии СММ Қатъномаи ҳамкорӣ бо созмони мазкур қабул шуда ва аз он вақт аз мақоми нозир дар СММ бархӯрдор аст.
Ҷиҳатҳои асосии сиёсию иқтисодии фаъолияти Созмони хамкории иқтисодӣ дар ҳамоиши сарони давлатҳои кишварҳои узви он, ки дар ҳар ду сол як маротиба доир мегардад, муайян карда мешаванд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






