Маводи тиббӣ ва имплантатҳои шакли хотиравидошта дар таҷрибаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологӣ
Душанбе, 19.09.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 18 сентябр дар Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Маводи тиббӣ ва имплантатҳои шакли хотиравӣ дошта дар таҷрибаи ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматологӣ» конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Имплантатҳои зиёдчандира дар асоси никелид титан ва технологияҳои нави табобат дар ҷарроҳии ҷоғу рӯй», «Истифодаи эндопротезҳои индивидуалӣ аз никелид титан дар ҷарроҳии реконструктивии ҷоғу рӯй», «Усулҳои дилататсионӣ дар табобати комплексии беморон бо флегмонаҳои ҷоғу рӯй бо истифодаи дистракторҳо аз никелид титан», «Технологияи сабзонидани бофтаҳои устухонӣ дар минтақаи имплантатсияи денталӣ», «Табобати криогении гемангиомаҳои сатҳи ҷойгиршуда бо истифодаи аппликаторҳои массомадори аз никелид титан сохташуда», «Маводи бофтаҳои инженерии аз никелид титани массомадор тайёршуда дар ҷарроҳии ҷоғу рӯй ва стоматология», «Табобати ортодонтӣ бо истифодаи маводи никелид титанӣ» ва ғайра аз ҷониби олимони соҳаи тибби ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар маърӯзаҳо шунида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






