Муҳокимаи ҷараёни татбиқи барномаю лоиҳаҳои КБСС
Душанбе, 29.09.15. (АМИТ «Ховар»). — 28 сентябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар шаҳри Ню — Йорк дар ҳошияи Ҳамоиши СММ оид ба рушди устувор бо президенти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) Питер Морер мулоқот анҷом дод.
Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкории судманди миёни Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх изҳори қаноатмандӣ намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба КБСС барои пуштибониаш аз вусъат бахшидани имконоти вазорату идораҳои дахлдори кишвар дар амри эътинод ба вазъиятҳои фавқулодда, аз ҷумла офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот раванди татбиқи барномаю лоиҳаҳои КБСС дар Тоҷикистонро низ мавриди муҳокима қарор доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






