«Мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ афзалияти дараҷаи аввали мост»
Душанбе, 29.09.2015. (АМИТ «Ховар»). – Чунин изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ, инчунин дар амри пешбарии Рӯзномаи Созмон дар масоили об ба қадри имкон саҳм мегузорад.
«Нерӯҳои полисии мо дар амалиёти сулҳофарии Созмони Милал ва Иттиҳоди Африқо дар Дарфур бо ҳамкорони худ аз дигар кишварҳои аъзо ширкат варзида, дар раванди бунёди сулҳ саҳм мегиранд. Агентии назорати маводи нашъаовар, ки бо мусоидати Созмони Милал ташкил шудааст, дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши муҳимме дорад. Аз соли 1995 то алҳол сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мо 111 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки он аз 206 миллиону 650 ҳазор воя иборат буда, метавонист 50 миллион нафар сокинони сайёраро нашъаманд созад», — тазаккур дод Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






