Мулоқоти Абдураҳмон Қодирӣ бо Сайид Парвизи Фаттоҳ
Хуҷанд, 02.09.2015 (АМИТ “Ховар”).-Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ раиси Кумитаи имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷаноби Сайид Парвизи Фатоҳ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистонт Ҳуҷатулло Фағониро ба ҳузур пазируфт.
Чунон ки ба АМИТ “Ховар” роҳбари намояндагии кумитаи мазкур дар вилояти Суғд Фирдавс Ашурматов хабар дод, масъулини вилоят аз фаъолияти густардаи дафтари суғдии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар самти расонидани кӯмак ба қишри ниёзманди ҷомеъа изҳори қаноатмандӣ намуда, дар ин замина ба ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ аз роҳбарияти ин Кумита дар оянда даъват ба амал овард.
Ҷонибҳо омодагиашонро барои вусъати ҳамкорӣ баён доштанд. Аз ҷумла таъкид шуд, ки ҷониби Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ ният дорад занону бонувони тоҷикро ба омӯзиши раванди истеҳсоли таблофаршҳо фаро гирад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






